ABNA24 : Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Ширин Амонзода, ки барои ширкат дар нишасти Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия дар Маскав ҳузур дошт пас аз бозгашт аз ин сафар изҳор кард: “Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар ҷаласоти ин камиссиюн аз Алексей Оверчук , муовини нахуствазири Русия хостааст барои аз саргирии парвозҳои муназзам миёни ду кишвар, вурӯди коргарони муҳоҷири тоҷик, таъсиси корхонаҳои муштарак ва афзоиши воридоти маҳсӯлоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон иқдом кунанд.
Ба гуфтаи вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона танҳо 117 ҳазору 912 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар барои кор ба Русия рафтаанд, ки дар муқоиса бо соли пеш аз он 76 дарсад коҳиш нишон медиҳад.
342/